Аз нишастҳои матбуотӣ

813 ҳолати қонунвайронкунӣ вобаста ба замин

№ 02.08.2023

 20230801_092124Бино ба иттилои масъулини Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб алҳол дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 1202 534 гектар замин мавҷуд мебошад, ки аз он майдони умумии заминҳои кишоварзӣ 87826 гектарро дар бар гирифта, 146 181 гектари онро заминҳои корам ташкил медиҳад, — гуфт раиси Кумитаи идораи замин дар минтақаи Кӯлоб Дилшод Ризозода, зимни нишасти матбуотӣ якуми августи соли 2023.

Зикр гардид, ки мутахассисони кумита, дар ин давра 139 ҳолати худсарона аз худ намудани заминро ошкор намуданд. Нисбат ба ҳолати мазкур, протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ ба маблағи 96 ҳазору 724 сомонӣ тартиб дода шуд. Аз ин ҳисоб 58 ҳазору 494 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумита ворид гардид.

Нозирони Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб 6 ҳолати қарорҳои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин аз ҷумла як қарори раиси шаҳри Кӯлоб, чор қарори раиси ноҳияи Фархор, як қарори раиси ҷамоат дар шаҳри Кӯлоб дар маҷмӯъ майдони 686,22 гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ ошкор гардид. Бо пешниҳоди кумита чор қарори раиси ноҳияи Фархор ва як қарори раиси ҷамоат дар шаҳри Кӯлоб бекор карда шуд.

Изҳор шуд, ки дар давраи зикршуда ба 219 қарори ғайриқонунӣ қабул намудаи раисони шаҳру минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Прокуратура эътироз оварда шуд.

- Мутахассисони кумита оид ба нигоҳдорӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои муассисаҳои таълимӣ дар якҷояги бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қатор санҷиш гузарониданд. Маълум, ки дар минтақаи Кӯлоб ҳолатҳои ғасби қитъаи замини мактаб ва сохтмони худсарона, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва хариду фурӯши замин ҷой дорад. Ба вижа метавон гуфт, ки дар ноҳияи Восеъ 6 — ҳолат, Темурмалик 5, Данғара 3 ва ноҳияи Ховалинг 1 — ҳолат ошкор гардида, нисбати қонунваронкунандагони замин чораҳои қонунӣ андешида шуда, заминҳои ошкоргардида ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Дар шаш моҳи соли 2023 ба унвони Кумитаи идораи замини шаҳру минтақаи Кӯлоб 2183 мактуб, 4600 ариза вобаста ба замин ворид гардид, ки ба 2090 мактуб ва 4509 ариза ҷавобҳои мушаххас гардонида шуда, боқӣ 48 мактуб ва 91 аризаи шаҳрвандон дар ҳолати баррасӣ қарор доранд, -  гуфт Д. Ризозода.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»