Дар шаш моҳи аввали соли равон ба маблағи 13 миллиарду 136,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 279,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода 28 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра ба маблағи 6 миллиарду 595,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
- Тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи мавриди назар дар кишвар 83 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 1135 ҷои корӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 34 корхона бо 407 ҷойи корӣ, вилояти Хатлон 21 корхона бо 143 ҷои корӣ, ВМКБ 2 корхона бо 7 ҷои корӣ, шаҳри Душанбе 13 корхона бо 501 ҷои корӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ 13 корхона бо 77 ҷои корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар давраи зикршуда корхонаҳои нав ба маблағи 491 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, — изҳор дошт вазир.
Бино ба иттилои масъулин, ҳамчунин, 124 корхона аз фаъолият бозмондааст.
Заробиддин Файзуллозода гуфт, ки 50 корхонаи ватанӣ то ҳол зиёда аз 8 миллион ниқоб дӯхтанд, ки аз ин 2,7 миллион дона ба Италия ва Сербия содирот шуд. Маълум гардид, ки коронавирус ба фаъолияти 104 корхона таъсири манфӣ расонидааст, ки дар натиҷа ба маблағи 1 миллиарду 60 миллион сомонӣ маҳсулот камтар истеҳсол гардидааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»