10-уми феврали соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иттилоъ дод, ки бо назардошти саҳми назаррас дар мубориза бо бемории сироятии COVID-19 ва таҷрибаи бомуваффақ вазорат ба ҷоизаи байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ сазовор гардид.
Бино ба гуфти Ҷамолиддин Абдуллозода, соли 2022 бо мақсади таъмини муассисаҳои соҳа бо таҳҷизоти муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷониби вазорат ба як қатор муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 187,2 миллион сомонӣ дору ва молҳои тиббӣ дастрас шуд. Вазир иброз намуд, ки дар давраи зикршуда 288 номгӯи дору ва молҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯнабуда ва ба таври қочоқ воридшуда, ки вазни умумиашон 84,1 тонна буд, нест карда шуд. Соли 2022 оид ба риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 20 ҳазору 468 шахси мутасаддӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ тартиб дода шуд. Фаъолияти 541 иншоот бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талабот муваққатан аз фаъолият боздошта шуд. Дар ин давра аз ҷониби роҳбарияти вазорат дар рӯзҳои сешанбе ва шанбе 3311 шаҳрванд қабул гардида, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба онҳо кумак расонида шуд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»