Аз нишастҳои матбуотӣ

88 маҳаллаи аҳолинишин табдили ном карданд

№85 (4505) 13.07.2022

DSC0142612 июли соли ҷорӣ Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир ба шашмоҳаи фаъолият нишасти матбуотӣ баргузор  намуд.

Нахуст, раиси он Шарифҷон Ҷумъазода ба рӯзноманигорон доир ба фаъолияти нимсола дар соли 2022 маълумот дод.

«Дар ояндаи наздик як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мурғоб ва ду шӯрои шаҳраки шаҳри Хоруғ табдили ном мекунанд», — гуфт раиси Раёсати ҳамоҳангсозии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфар Мирзозода дар нишасти матбуотӣ.

Номбурда афзуд, ки ивазкунии номи маҳаллаҳои аҳолинишин раванди доимӣ буда, номҳои номатлуб ва ҳамчунин, маҳаллаҳои аҳолинишине, ки бо номи афроди ношинос номгузорӣ шудаанд, иваз карда мешаванд.

Аз оғози соли 2021 дар мамлакат номи 88 маҳаллаи аҳолинишин -  деҳаву шаҳрак ва ҷамоатҳо иваз шуданд ва охирин маҳаллаи аҳолинишине, ки номаш иваз шуд, ҷамоати деҳоти «Мискинобод»-и ноҳияи Файзобод мебошад, ки «30 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» номида мешавад.

Зимнан, ӯ гуфт, ки аз ҳама бештар номи маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Лахш иваз карда шуданд, ки бо шумули деҳаву ҷамоатҳо 38 ададро ташкил медиҳанд.

Ш. Абдулвоҳидова,

 «Садои мардум»