Аз нишастҳои матбуотӣ

90 фоизи хатмкардаҳо бо ҷои кор таъминанд

№97 (4837) 09.08.2024

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар- Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияву омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши муҳим дорад, — гуфт ректори он Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр шуд, ки мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли равон ба даҳгонаи аввали мактабҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ шомил гардид.

Соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 4505 донишҷӯ, аз ҷумла 1236 нафар дар шуъбаи рӯзона, 3074 кас дар шуъбаи фосилавӣ ва 105 нафар дар зинаи мустақили магистратура, хатм намуданд. Дар ин давра 53 донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карданд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 39 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия 27 омӯзгори ихтисоси забон ва адабиёти рус аз курси такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Соли таҳсили 2023-2024 дар шуроҳои диссертатсионии донишгоҳ 15 омӯзгор рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя намуданд.

Донишгоҳ бо 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад.

Зимни посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар бобати бо ҷои кор таъмин намудани хатмкардагони донишгоҳ зикр шуд, ки аз 431 мутахассиси равияи омӯзгорие, ки донишгоҳро хатм карданд, 90 фоиз тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат бо ҷойи кор таъмин гаштанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»