28 июли соли 2021 нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси он Абдулло Раҳмонзода қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 43603 чорабиниро бо фарогирии 3105220 нафар баргузор карданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар ва аз лиҳози шумораи фарогирӣ 410220 нафар зиёд аст.
Инчунин, аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар ҳайати 42 нафар бо харҷи 559044 сомонӣ ба чемпионатҳои Осиё, Ҷоми Осиё, Гран — при, Гран — слам ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар шуданд.
- Новобаста аз пандемияи коронавирус 96 варзишгар дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, 91 медал ба даст оварданд. Аз ин шумора 26 медал тилло, 34 — нуқра ва 31 медал биринҷӣ мебошад, — изҳор дошт Абдулло Раҳмонзода.
Умуман, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ифтихори варзишгарони кишвар дар арсаи байналмилалӣ 91 маротиба Парчами давлатӣ баланд бардоршта шуда, 26 маротиба Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст.
Ҳ. Мафтуна,
«Садои мардум»