- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 954 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи 548,1 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд, — гуфт муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Зарифзода Абдукарим Абдураҳим зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
Абдукарим Зарифзода афзуд, ки аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ соли гузашта 1980 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор карда шуд, ки 650 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомил аст. Аз ҷиноятҳои ошкоргардида ба ВМКБ — 177 адад, вилоятҳои Хатлон- 571, Суғд- 485, шаҳри Душанбе- 407 ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 340 адад рост меояд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҳама бештар дар вазорат ва сохторҳои зертобеи маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, соҳибкорони инфиродӣ, бонкҳо ва дигар идораву корхонаҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 224 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир намудаанд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»