Айни замон таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд», «Қайроққум» ва марҳилаи якуми НБО «Норак» идома доранд, ки пас аз он пурра тавоноии онҳо афзоиш меёбад. Ин нуктаро муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода 13 июли соли равон зикр кард.
Бино ба гуфти ӯ, дар соҳаи электроэнергетика 7 лоиҳаи сармоягузорӣ-Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқ» (қисмати 4), «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ромит», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», Таҷдиди НБО «Сарбанд», «Таҷдиди НБО Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи «CASA-1000» ва «Марҳилаи якуми таҷдиди НБО «Норак» дар давраи татбиқ қарор дошта, дар доираи онҳо 1 миллиарду 101 миллион доллари ИМА ҷалб шудааст. Чор лоиҳаи дигар — «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», «Электрофикатсияи деҳот», «Барномаи дастгирии ҷомеаҳо» ва «Сохтмони НБО «Себзор» дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. Арзиши онҳо 131,8 миллион доллари ИМА мебошад, ки пурра грантӣ мебошанд.
Истеҳсоли неруи барқ дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҷумҳурӣ 10 миллиарду 243,2 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Дар ин давра НБО «Роғун» 596,8 миллион кВт/соат барқ истеҳсол кард, ки дар муқоиса ба соли пеш 385 миллион кВт/соат ё 2,8 маротиба афзоиш ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар 345 миллион кВт/соат коҳиш ёфта, 912,4 миллион кВт/соатро ташкил медиҳад.
Доир ба лоиҳаи минтақавии «CASA — 1000» иттилоъ дода шуд, ки корҳои лоиҳакашиву ҷустуҷӯӣ, сохтмонӣ, иҷтимоиву экологӣ идома ёфта, конструксияҳои металлии равоқпояҳо, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ ворид шудаанд. Илова бар ин, 968 километр ноқилҳои навъи «Кардинал» ва «Зебра» аз ҷониби ҶДММ «Ноқили Талко» истеҳсол ва ба анборҳои пудратчӣ интиқол дода шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»