Соли гузашта зимни гузарондани 166 чорабинии аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 405 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қоидавайронкунии молиявӣ муайян гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 28 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус 14-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 39,8 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 8,1 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар таъмиру сохтмон 29,6 млн. сомонӣ, талафот аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,0 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 38,1 млн. сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 81,1 млн. сомонӣ, пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 188,3 млн. сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 19,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.
- Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида чораҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 398,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ 310,0 млн. сомонӣ, барқарор гардид, ки нисбат ба соли гузашта 155,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ба корхонаҳо 41,3 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47,2 млн. сомонӣ барқарор шуд, ки 98,2 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад,- иброз намуд Қарахон Чиллазода.
Таъкид гардид, ки Палатаи ҳисоб дар асоси созишнома бо мақомоти олии аудити давлатии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Молдова, Беларус, Латвия, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ ва тақвияти аудити берунаи давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявию самаранокӣ ва мутобиқгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»