Дар нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми феврали соли 2023 доир гардид, мавзӯи пурбаҳс фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар кишвар буд.
Иттилоъ доданд, ки соли 2022 таваллуд — 232 ҳазору 733 адад, вафот — 31 ҳазору 291, сабти ақди никоҳ- 70 ҳазору 802, бекор кардани аҳди никоҳ — 13 ҳазору 876, муқаррар кардани падарӣ — 41 ҳазору 991, фарзандхондӣ – 1637 ва иваз намудани ному насаб 20 ҳазору 503 адад ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта шуд, ки дар умум аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ин давра 464 ҳазору 178 санад ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи қаблӣ 326-то зиёд мебошад.
Бино ба иттилои масъулин, дар вилояти Суғд аз ҳама бештар бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи он 4302 мебошад. Бекор кардани ақди никоҳ дар вилояти Хатлон 3607 ҳолат, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3311, шаҳри Душанбе — 2430 ва дар ВМКБ 226 ҳолат сабт шудааст.
10 ҳазору 893 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ бо қарори судҳои шаҳру ноҳияҳо, 2900 ҳолат бо аризаи якҷояи муштараки зану шавҳар ва 83 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон сурат гирифтааст.
Дар мавриди ба қайд гирифтани никоҳи бармаҳал иттилоъ доданд, ки дар давраи зикршуда 695 ҳолат сабт шуда, дар муқоиса бо соли гузашта 100 ҳолат зиёд гардидааст. Аз ин шумора 238 ҳолат дар вилояти Хатлон, 163 — дар вилояти Суғд, 136 — дар Душанбе ва 158 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»