27-уми июли соли равон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар нишасти матбуотӣ аз натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равони донишгоҳ ба рӯзноманигорон маълумот дод.
Ӯ таъкид кард, ки бори аввал дар соли 2023 донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанҳои дақиқ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал дониста шуда, бо ишғоли панҷ ҷои ифтихорӣ нисбат ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беҳтарин муаррифӣ гардид.
Дар доираи корҳои тарбиявӣ дар давраи мавриди назар ба 61 нафар донишҷӯи ятими кул ва маъюби гурӯҳи якум аз тарафи раёсати донишгоҳ илова ба стипендия дар ҳаҷми 100 сомонӣ маблағ дода шуд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ҳамчунин, афзуд, ки донишгоҳ бо 93 муассисаи таҳсилоти олӣ ва касбии хориҷи мамлакат ҳамкорӣ дорад. Илова бар ин, дар соли 2023 бо 16 донишгоҳи олии хориҷи мамлакат ҳамкориҳо дар самти илм, инноватсия ва таълим, табодули донишҷӯёну омӯзгоронро ба роҳ монд.
Дар самти табодули таҳсили донишҷӯён ва магистрантону аспирантон ин муддат ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон 16 магистр ва 2 аспирант, Донишгоҳи давлатии Марин 1 нафар магистр, Донишкадаи Елабугаи Донишгоҳи Қазон 1 аспирант барои идомаи таҳсил фиристода шуданд.
Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дар доираи табодули академии омӯзгорон барои омӯзиши таҷрибаи донишгоҳҳои Беларус 15 нафар устодону кормандон дар ду давра сафарбар гардиданд. Дар ҳамин давра 16 нафар омӯзгори донишгоҳ барои иштирок ва баромад дар конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиум ва машварату вохӯриҳо ба хориҷи мамлакат ба сафари хидматӣ рафтанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон хобгоҳҳои донишҷӯён, омӯзгорон, синфхонаҳои таълимии факултетҳо пурра аз таъмир бароварда шуд.
ВОРИС,
«Садои мардум»