Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 3 миллиарду 260,0 млн. сомонӣ ё 298,7 млн. доллар аз худ карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 106 фоизи нақшаи молиявии давраи нимсола баробар аст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода даҳуми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки аз аввали татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ ҳамагӣ 21,3 млрд. сомонӣ ё 1,95 млрд. доллар аз худ карда шудааст.
- Барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат бо шарикони рушд созишномаҳои нав ба маблағи зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ (208,6 млн. доллар) ба имзо расонида шуд, ки 99 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон барои ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ дар соли 2023 баимзорасонии 5 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 4 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, — иброз намуд Саъдӣ Қодирзода.
Зикр гардид, ки бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 10 форуму ҷамъомадҳо, аз ҷумла бо давлатҳои Британияи Кабир, Федератсияи Россия, Швейтсария, Испания, ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Чехия, баргузор карда шуданд.
Дар доираи чорабиниҳои зикргардида беш аз 120 санади тиҷоратию сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, энергетика, фармасевтика, молия ва тиҷорат ба имзо расонида шуда, марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодаанд.
Аз рӯи маълумоти оморӣ то 1-уми июли соли 2023 дар мамлакат 345,3 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7000 адад ё 1,4 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродӣ 311,9 ҳазор ва шахсони ҳуқуқӣ 33,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаи соҳибкории кишвар беш аз 9,3 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳамагӣ 1,3 млрд. сомонӣ ё 34,4 фоиз зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ шумораи мақомоти санҷишӣ аз 27 ба 23 адад расонида шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»