- Дар шаш моҳи аввали соли 2023 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ноҳия ба андозаи 126 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 12,7 миллион сомонӣ ворид гардид, — гуфт раиси ноҳияи Темурмалик Шералӣ Ҳасанзода зимни нишасти матбуотие, ки 8 августи соли 2023 баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки дар давраи зикршуда аз тарафи кормандони Нозироти андози ноҳияи Темурмалик 332 соҳибкори инфиродӣ тибқи патент, 102 соҳибкор бо шаҳодатнома, 954 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 102 шахси ҳуқуқӣ ҳамчун андозсупоранда ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.
Мавсуф ҳамчунин, иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҳисоби буҷети вилоят 17,6 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардид.
Шерали Ҳасанзода зикр кард, ки соҳаи саноат яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии мамлакат қарор дорад. Вобаста ба ин, саноатчиёни ноҳияи Темурмалик як қатор корҳои назаррасро анҷом дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар ин давра ба 10 миллиону 396 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад ба 206,8 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 917 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 16040 гектар кишти зироатҳои кишоварзиро ба роҳ монданд, ки аз ин 13 754 ғалладонагӣ, 983 зироатҳои техникӣ, 223 гектар картошка, 275 сабзавот, 470 полезӣ ва 335 гектарро зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, зимни нишаст гуфта шуд, ки алҳол дар ҳама намуди шаклҳои хоҷагидорӣ ноҳияи Темурмалик саршумори чорвои калони шохдор ба 37 ҳазору 919 сар, аз ҷумла модагов 14192 – сар, гусфанду буз 133 ҳазору 111, асп 3791 ва паранда бошад ба 45 ҳазору 700 сар расонида шуд.
Бояд гуфт, ки дар давраи зикршуда истеҳсоли гӯшт дар ноҳия 1608 – тонна, шир – 2020 тонна, тухм 5915 ҳазор дона, пашм 256 тонна, пила 2 тонна, асал 20,6 тонна ва гӯшти моҳӣ бошад ба 1,5 тоннаро ташкил дод.
Раиси ноҳия ҳамчунин, афзуд, ки вобаста ба таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 9 маротиб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар натиҷа 110 нафар шаҳрванди ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд. Инчунин, тавассути тавсияномаи шуъбаи агентӣ 662 нафар шаҳрванди бекор аз ҷумла 297 нафар занони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ дар ташкилоту муассисаҳо таъмин шуданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»