Соли гузашта ҳаҷми сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 4,9 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 2,1 миллиард доллар ё 72,7% бештар мебошад.
Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои С. Раҳимзода, 394,3 миллион доллари ин маблағ сармояи мустақими хориҷӣ буда, аз Чин 150,9 млн. доллар, Амрико — 118,9, Британияи Кабир — 51,1, Россия -28,9 ва Қазоқистон 15,7 млн. доллар ворид гардидааст.
Ҳамчунин, аз ҳисоби сармояи воридгардида 84,2 фоиз ба шаҳри Душанбе, 15,5 фоиз ба вилояти Суғд, 0,2 фоиз ба вилояти Хатлон, 0,1-фоизӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»