Соли 2024 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, сафоратхонаҳои кишвар дар давлатҳои хориҷ ва шарикони рушд дар ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 30 намоишгоҳи байналмилалӣ мусоидат намуд. Дар ин хусус иҷрокунандаи вазифаи раиси палата Ҳайдар Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки соли гузашта палата дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати ташкил ва иштирок намудан дар 66 бизнес-форум ва ташкили бизнес-миссияҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ кумак кард. Бо мусоидати палата 2862 соҳибкор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва бизнес- форумҳо иштирок намуданд. Дар доираи чорабиниҳои мазкур миёни корхонаҳои ватанию хориҷӣ 243 санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
- Соли сипаригардида шумораи аъзои палата ба 1114 адад расид, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ 155 адад зиёд аст, — иброз намуд Ҳайдар Раҷабзода.
Иттилоъ гирифтем, ки соли 2024 дар мамлакат 9 намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардидааст, ки дар онҳо соҳибкорон аз Покистону Эрон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ширкат намуданд.
Дар ин давра палатаи марказӣ ва палатаҳои минтақавӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ ва танзими ҳуқуқии ҳамкориҳои байнипалатавӣ бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ 23 санади ҳамкорӣ имзо намудаанд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»