Соли сипаришуда дар мамлакат дар майдони 489,3 гектар ҷангал бунёд ёфта, дар майдони 1307,7 гектар корҳои барқароркунӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода 11 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ҳамчунин, гуфт, ки аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи агентӣ ба миқдори 13343 кило тухмии зиёда аз 20 намуди дарахту буттаҳо ҷамъоварӣ карда шуд.
Ҳоло дар хоҷагиҳои ҷангал усули нави парвариши ниҳоли пистаро дар халтаҳои полиэтиленӣ ба роҳ мондаанд, ки тибқи он ҳосилдиҳии писта 2-3 сол барвақттар оғоз меёбад. Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии пистазори ҷумҳурӣ 81520 гектар буда, соли равон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ боз ҳам васеътар хоҳад шуд.
- Ҳоло дар тобеияти агентӣ 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият мекунад. Соли сипаришуда теъдоди кӯчату ниҳолҳои дарахту буттаҳои сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ба 2 миллиону 761,3 ҳазор бех расонида шуд. Алҳол дар ниҳолхонаҳои ташкилоту муассисаҳои системаи агентӣ зиёда аз 370 ҳазор бех ниҳоли настаран (хуч, хулул) парвариш меёбад, ки аз он 195,8 ҳазор бех барои шинонидан ва фурӯш тайёр мебошад, — гуфт Абдуҷаббор Юсуфзода.
Зикр шуд, ки аз соли 1973 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода фермаи оҳупарварӣ ташкил ёфта, алҳол дар майдони 45 гектар 302 сар оҳуи холдор нигоҳубин карда мешавад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 713 аз 31 декабри соли 2020 бо мақсади васеъ намудани заминҳои фермаи зикршуда майдони заминҳои хоҷагии ҷангал 1154,89 гектар зиёд карда шуд.
Бино ба қавли масъулин, бо мақсади ба роҳ мондани шикори ҳавасмандию варзишӣ дар агентӣ 22 хоҷагии шикорӣ ташкил шуда, хоҳишмандон бо гирифтани иҷозатнома ба шикори хуки ваҳшӣ, мурғобӣ, харгӯш ва ғайра машғул шуда метавонанд. Инчунин, иттилоъ доданд, ки якҷо бо Хадамоти ҷангали Кореяи Ҷанубӣ лоиҳаи «Барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ шуда истодааст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»