Аз нишастҳои матбуотӣ

Абдухалил ҒАФУРЗОДА: «Амалӣ намудани Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ идома дорад»

№18 (3968) 14.02.2019

DSC_5027- Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 3 факултет, 8 кафедра, Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, 6 шуъба ва бахш мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (11 феврал) ректори донишкада Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ. Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки кормандони донишкада амалӣ гардонидани лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии «Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Тоҷикис­тон» ва «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: ташаккул ва рушд»-ро идома доданд.

Аз ҷониби устодон соли 2018 шаш китобу монография ва дастури таълимӣ ва 70 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр гардид. Ҳамчунин, се шумораи маҷаллаи илмию сиёсии «Идоракунии давлатӣ» аз чоп баромад, ки дар онҳо 50 мақолаи илмии олимону коршиносони ватанию хориҷӣ ба табъ расид.

Иброз шуд, ки дараҷаи донишазхудкунии муҳассилин соли гузашта ба 75 фоиз расид. Барои фаъолияти пурсамару бенуқсон ба 7 устоду корманд ифтихорнома ва ба 10 нафар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Шумораи шунавандагони курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки тибқи нақша 1561 нафарро дар бар мегирифт, ба 1784 нафар расонда шуд.

Инчунин қайд гардид, ки кормандони донишкада дар 25 конференсия, семинар ва суҳбати гирди миз, чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок ва баромад намуданд. Қобили зикр аст, ки донишкада бо 12 муассисаи таълимию илмии хориҷи кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад. Дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии уқёнуси Ороми шаҳри Хабаровск, Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Самараи Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии Астрахан оид ба табодули донишҷӯён музокирот идома дорад.

ВОРИС,

«Садои мардум»