Аз нишастҳои матбуотӣ

Абдулҳаким Розиқзода: «Дар илм сирқат бояд набошад»

№25 (4608) 15.02.2023

Дисиртатсиони (1)Зимни нишасти матбуотии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Абдулҳаким Розиқзода дар бораи камбудиҳои соҳа гуфта, суханонашро бо далелҳои раднопазир тақвият бахшид. 

Бино ба гуфти номбурда, дар раванди омода кардани кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ҳолатҳои шитобкорӣ, саҳлангорӣ ва як навъ муносибати рӯякӣ нисбат ба онҳое, ки роҳи пурмашаққату заҳматталаби илмро интихоб кардаанд, ба назар мерасад. Баҳри таъҷилан ва осон «олим» кардани шогирдон, мутаассифона, баъзе олимони муҳтарам ба сохтакориҳо низ даст мезананд. Роҳбарони илмӣ, экспертҳои дохилӣ, муқарризони расмӣ ва муассисаҳои пешбар баъзе диссертатсияҳоро ҷиддӣ таҳрир ва муҳокима намекунанд ва дар натиҷа, таҳқиқоти пурғалату камарзиш дар Шӯрои диссертатсионӣ ҳимоя мешаванд. Асолати баъзе диссертатсияҳо хеле паст буда, аз таҳқиқоти дигарон рӯйбардор мешаванд, ки дар ин маврид мисолҳои дақиқ дар комиссия хеле фаровон аст.

- Ин ҷо ёдовар шудан аз таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мавзӯъ иртиботи бевосита дорад, бисёр бамаврид аст: баъзе довталабони тоҷик … «роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ истифода карданд», — афзуд номбурда.

Корманди рӯзнома доир ба ҷавобгӯи талаботи замон набудани  баъзе рисолаҳои илмӣ  савол дод. Абдулҳаким Розиқзода  комилан ҳамфикр буданашро вобаста ба саволи пешниҳодгардида баён карда, илова намуд, ки диссертатсияҳое низ манзур мегарданд, ки ба асосҳои сохти конститутсионии кишвар, принсипҳои дунявият ва пояҳои давлатдорӣ мухолифат мекунанд.

- Тамоюли дигаре, ки хеле хатарзо буда, комиссияро бетараф гузошта наметавонад савияи паст ва дониши казоӣ (ҳатто доир ба диссертатсияашон) надоштани баъзе аз довталабон мебошад. Ҳангоми аз рӯйи зарурат ба Шӯрои экспертҳо даъват шудани дов­талабон ҳолатҳое ошкор мегардад, ки диссертатсияҳо аз тарафи довталабон таълиф нашудаанд. Чунин тамоюл низ ба мушоҳида мерасад, ки мавзӯъҳои таҳқиқоти илмӣ чандон мубрам набуда, аз забони русӣ тарҷума ё аз хатти форсӣ баргардон шудаанд, — нигаронӣ кард раиси  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маълум гардид, ки аз ибтидои фаъолияти комиссия то 31-уми декабри соли 2022 барои таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ  аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба комиссия 255 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 128 дархост қонеъ, 124 дархост бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда рад шудаанд ва се дархости дигар дар баррасӣ қарор доранд.

Мутаассифона, ҳоло ҳам дар фаъолияти шӯроҳои зикршуда хунукназариву бемасъулиятӣ мушоҳида мегардад. Чандин ҳолате ошкор шуданд, ки расмиёти ҳимоя дағалона вайрон шудааст ва ё тартиби барасмиятдарории парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ба талабот ҷавобгӯ нест.

Аз ин рӯ, роҳбарони муассисаҳо, ки барои мутобиқати ҳайат ва фаъолияти Шӯрои диссертатсионӣ масъул мебошанд, бояд назоратро дар ин самт пурзӯр намоянд.

- Дар илм бояд сирқат набошад. Принсипҳои асосии фаъолияти комиссияро риояи қонуният, воқеъбинӣ, шаффофият ва беғаразӣ ташкил медиҳад. Дар доираи ин муқаррарот комиссия кӯшиш мекунад, ки парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда ҳаматарафа ва воқеъбинона баррасӣ ва баҳогузорӣ карда шаванд,- таъкид намуд Абдулҳаким Розиқзода.

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»