Аз нишастҳои матбуотӣ

Абдулло РАҲМОНЗОДА: «Қонунҳои соҳа такмил хоҳанд ёфт»

№24 (4286) 23.02.2021

Чавонон- Сабаби асосии зиёд гардидани чорабиниҳо, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани механизмҳои нави корбарӣ, махсусан сохтани ҷадвалҳои мушаххаси корӣ ва назорати иҷрои онҳо, баргузории хонишҳои сиёсӣ бо усулҳои «маҳалла ба маҳалла», «деҳа ба деҳа», «хона ба хона» ва «рӯ ба рӯ» ва мусобиқаҳои варзишӣ мебошад, — гуфт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар нишасти матбуотие, ки 16 феврали соли 2021 баргузор шуд.

Маълум гардид, ки бо мақсади иҷрои нақша — чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дар таҳрири нав ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» таҳия шудааст.

Соли 2020 нахустин маротиба 4774 мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор гардид.

Ҳоло дар кишвар 10220 иншооти варзишии шакли моликияташон гуногун ба қайд гирифта шуда, 127 мактаби варзишӣ амал мекунанд. Дар мактабҳои варзишӣ 52983 варзишгар, аз ҷумла, 5787 нафар духтарон, ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ғалабаи варзишгарони тоҷик 5743 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, 1797 маротиба Суруди миллӣ садо додааст.

Х. МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»