12 феврали соли равон дар Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон — БМИМТ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Директори иҷроияи БМИМТ Сиддиқзода Шералӣ Муродалӣ ба рӯзноманигорон аз хусуси фаъолияти БМИМТ дар соли 2019 муфассал маълумот дод.
Зикр шуд, ки мақсади асосии лоиҳаҳо беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, А. Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Вахш, Левакант, Данғара, Балҷувон, Восеъ, Ховалинг, Ш. Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон мебошад.
Дар доираи онҳо иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
- сохтмони 12 бинои дуқабатаи дорои 6, 8, 10 синфхона бо дарназардошти самаранокии энергетикӣ;
- муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо бо мебели мустаҳками босифат;
- таъмини мактабҳо бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва неруи барқ;
- сохтмони нуқтаҳои санитарии ба талабот ҷавобгӯ;
- омӯзиши аъзои ассосиатсияҳои волидону омӯзгорон (ABO) ва фаъолони ҷамоаҳои фарогир, дар заминаи баргузор намудани чорабиниҳои дахлдор.
Дар доираи татбиқи лоиҳа, аз ҳисоби маблағи сарфашуда, амалисозии чор лоиҳаи технологӣ оид ба бунёди синфхонаҳои таълими меҳнат дар ноҳияҳои Кӯшониён, Восеъ, Данғара ва шаҳри Левакант низ идома дорад.
Бо мақсади татбиқи самараноки лоиҳаҳо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо сохторҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад.
Дар нишасти матбуотӣ журналистон ба саволҳои хеш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Т. ФАРРУХПАЙ, «Садои мардум»