Аз нишастҳои матбуотӣ

Қадрдонии журналистон дар Хатлон

№96 (4358) 24.07.2021

Фабрика форматовFB_IMG_1626681936356 19-уми июли соли равон нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Ӯ қайд кард, ки дар вилоят ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7261 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар ин замина, 9378 ҷойи кори доимӣ ва 22 ҳазору 322 ҷойи кори мавсимӣ фароҳам гардид. Дар 406 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар бунёдкорӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Восеъ, Дӯстӣ ва Кӯшониён назаррас мебошад. Инчунин, саҳмгузории соҳибкорон низ дар бунёду барқарорсозии иншооти гуногун боиси таҳсин аст.

- Ҳар се моҳ дар вилоят озмуни «Ободгари Ватан» натиҷагирӣ гардида, нафароне, ки дар ободӣ саҳмгузорӣ мекунанд, қадрдонӣ мешаванд. Дар қатори соҳибкорону нафарони саховатпешаи бунёдкору ободгар рӯзноманигороне, ки бо инъикоси бунёдкорӣ дар ташаккули афкори ҷомеа саҳиманд, бо ҷоизаи «Ободгари Ватан» сарфароз хоҳанд шуд, — гуфт Қурбон Ҳакимзода.

Журналистон перомуни қарзи ташкилоту идораҳои буҷетӣ дар назди идораҳои барқ, таъмирталаб будани литсейҳои касбӣ-техникӣ, аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатӣ, пешгирии бемории коронавирус, бунёди маҷмааҳои варзишӣ, захираи доруворию безараргардонӣ суол дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар фарҷом ба рӯзноманигороне, ки дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, инъикоси дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят саҳмгузоранд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Ҳамчунин, раиси вилоят ба якчанд журналисти собиқадор роҳхат ба осоишгоҳҳои кишварро туҳфа намуд.

Сулаймон Султонов,

«Садои мардум»