- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун нахустин муасисаи олии касбии кишвар дар тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ нақши муассир дорад, — гуфт ректори ДДОТ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода дар нишасти матбуотие, ки 15 июли соли равон баргузор гардид.
Зикр шуд, ки дар нимсолаи сипаришуда аз ҷониби омӯзгорон 16 монография, 30 китоби дарсӣ, 20 дастуру воситаҳои таълимӣ ва 405 мақола интишор ёфтанд. Айни ҳол дар донишгоҳ 3 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия доир ба илмҳои педагогика, филология ва география, 3 Шӯрои диссертатсионии КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба филология, кимиё, биология ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамоянд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни ҳама зинаи таҳсилот озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Ҳамчунин, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар 14 факултет баргузор гардид.
Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли 2020 як рисолаи докторӣ ва шаш рисолаи номзадӣ аз тарафи устодону аспирантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ бомуваффақият дифоъ гардид.
Донишҷӯёни фаъол моҳи апрели соли равон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкат намуда, соҳиби 5 ҷойи ифтихорӣ ва дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷои дуюм гаштанд.
Маълум гардид, ки чанде пеш миёни ДДОТ ва Донишкадаи давлатии Елабугаи назди Донишгоҳи федералии Қазони Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии Барановичи Ҷумҳурии Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ворис, «Садои мардум»