Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳафт муассисаи таълимӣ бозхонд карда шуд

№№ 97 (4517) 05.08.2022

4Нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюми августи соли равон таҳти раёсати сарвари навтаъиншудаи он Икром Субҳонзода гузашт. Вай зимни пешниҳоди ҳисоботи мухтасар роҷеъ ба фаъолияти агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2022, аз ҷумла, зикр кард, ки ҷиҳати мустаҳкам кардани пояи ҳуқуқии агентӣ ва иҷрои талаботу меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ панҷ санади зерқонунӣ таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шуд.

Бино ба иттилои Икром Субҳонзода, ҳоло қариб 2 миллиону 700 ҳазор нафар дар 4822 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Дар нимсолаи аввали соли равон масъулини раёсату шуъбаҳои марказӣ ва минтақавии агентӣ 523 аттестатсияи давлатӣ, 13 азнавбарасмиятдарорӣ, 360 аккредитатсияи давлатӣ ва 125 ташхиси иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимиро ба анҷом расониданд. Дар ин давра амали иҷозатномаи ҳафт муассиса — Мактаби хусусии ба номи Мирзо Ҳасанзода (ноҳияи Мастчоҳ), Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Ояндаи дурахшон» (шаҳри Бӯстон), ҶДММ «Хонаи британиягӣ» (шаҳри Душанбе), ҶДММ «Ҳисор» (шаҳри Ҳисор), Маркази таълимии «Чароғи дониш» (шаҳри Душанбе), Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сафои Ватан» (шаҳри Душанбе) ва ихтисосҳои тиббии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд» қатъ карда шуд.

Назорати сифати таълим ва сатҳи дониш­азхудкунии хонандагону донишҷӯён яке аз самтҳои фаъолияти агентӣ маҳсуб меёбад. Тибқи баҳои директори агентӣ, «Аз натиҷаи санҷишҳо маълум гардид, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ, дар самти асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва таъминоти кадрии муассисаҳои таълимӣ, ки омилҳои асосии баландбардории сифати таҳсилот маҳсуб меёбанд, тағйироти мусбат ба мушоҳида мерасад».

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»