Аз нишастҳои матбуотӣ

Афзоиши теъдоди занону ҷавонон дар хизмати давлатӣ

№97 (4680) 02.08.2023

8- Ҳангоми санҷишҳо ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ, аз ҷумла ҳангоми интихоби ҳайати роҳбарикунандаи Ҷамоатҳо, таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастур­амалҳои мансабӣ, риояи талаботи тахассусӣ ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ҷой доранд, — иброз дошт 27-уми июли соли равон зимни нишас­ти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов.

Номбурда афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби агентӣ мувофиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузории хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2008 таҳти №578 тасдиқ шудааст, рафти иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Рӯшон, Мурғоб, Панҷакент, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Норак, Данғара, Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин ва Муъминобод  мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар Ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳия­ҳои санҷидашуда риоя нашуда, бархе аз хизматчиёни давлатии аксар Ҷамоати шаҳраку деҳоти мазкур ба талаботи тахассусӣ аз рӯи ихтисос ва сатҳи таҳсилот ҷавобгӯ намебошанд.

То 1-уми июли соли ҷорӣ шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18 ҳазору 430 нафар ва синни миёнаи онҳо 37-соларо ташкил медиҳад.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4556 нафар ё 24,7 фоизро ташкил дода, аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафар ё 19,2 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 118 нафар афзоиш ёфта, дар мансаб­ҳои роҳбарикунанда теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 нафар зиёд шуд.

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8996 нафар (48,8 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 нафар зиёд мебошад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда  теъдоди  ҷавонони то 35-сола  1628 нафар (27,4 фоиз) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 88 нафар зиёд шудааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»