Агар мусофирон фаъол бошанду бетарафӣ накунанд, мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ бартараф мешавад

№ 25.07.2022

???????????????????????????????- Ҳар рӯз дар автобусу троллейбусҳои шаҳр аз соати 10-11 то 16-17 дастгоҳҳои сарддиҳанда бояд фаъол карда шаванд, зеро ронандагон аз ҷониби корхонаҳо барои он  5 литр сӯзишвории иловагӣ мегиранд, — гуфт муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт Фирдавс Саидзода. 

Ӯ илова кард, ки мусофирон ҳам бояд бобати фаъол набудани дастгоҳҳои сарддиҳанда дар автобусу троллейбусҳои шаҳрӣ бетаваҷҷуҳ набошанд ва дар чунин ҳолатҳо ба мо муроҷиат намоянд.

Ба гуфтаи масъулин, яке аз сабабҳои гарм будани дохили автобусу троллейбусҳо ҳар панҷ дақиқа дар истгоҳҳо истодани онҳо мебошад.

- Аз соли 2018 пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст, вале мутаассифона, мусофирон бо пули нақд мехоҳанд аз нақлиёти шаҳрӣ истифда баранд. Дар баробари ин, бояд ҳар мусофир аз ронандагон талаб намояд, ки бар ивази пулашон корти яккаратаи нақлиётӣ ба онҳо диҳанд, — илова намуд Фирдавс Саидзода.

Ба иттилои масъулин, ҳоло дар Душанбе зиёда аз 500 терминал аст ки бо фурӯши корт машғул ҳастанд ва то ҳол ба ронандагон 308 ҳазор корти яккарата барои мусофирон додаанд.  Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама навъи нақлиёт 176  миллион 300 ҳазор нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта панҷ фоиз зиёд аст.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе 5937 адад нақлиёти автомобилии мусофирбар, аз ҷумла 788 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва 2505 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Дар хатсайрҳои шаҳр ҳар рӯз то 406 адад автобус, 78 адад троллейбус, 1004 адад микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2505 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ сафарбар карда мешаванд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»