- Соли равон боғпарварон дар майдони 21 гектар боғи нав ва 8 гектар боғҳои куҳнаро барқарор намуда, дар 5281 гектар кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, — иброз дошт Маҳмадшозода Ҳамидулло — раиси ноҳияи Тоҷикобод зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ афзуд, ки кишоварзони ноҳия мақсад доранд, аз шароит ва имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда, ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотро беҳтар намоянд. Барои амалӣ гардидани ин нияти нек як қатор корҳоро, аз қабили истеҳсоли тухмии худии картошка, обёрии заминҳои мавзеи Дашти Боқӣ ва Хушкӯлак, таъмин намудани кишоварзон бо техника ва таҷҳизоти дигари кишоварзӣ, барқарор кардани каналҳои Нӯшор ва Фатҳободро ба анҷом расонидан зарур аст. Агар ду мавзеи дар боло номбаршуда обёрӣ карда шаванд, ба ихтиёри кишоварзон беш аз 150 гектар замини ҳосилхез дода мешаваду онҳо дар афзун намудани майдони кишти картошка ва гирифтани ҳосили дилхоҳ саҳми калон мегузоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 43 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази технологияи компютерӣ, муассисаи томактабӣ ва литсей фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 571 нафар омӯзгор (80 нафар зан) ба 9622 нафар хонанда (4605 нафар духтар) дарс меомӯзонанд. Муассисаҳои таълимӣ бо 294 адад компютер ва 46 принтер таъмин мебошанд.
Дар ягона муассисаи таҳсилоти томактабии «Парасту» 12 нафар мураббӣ ба тарбияи 120 нафар кӯдак машғуланд.
Бо вуҷуди дастовардҳо дар ноҳия камбудиҳо низ ба чашм мерасанд. Нарасидани мутахассисони соҳибтаҳсилот, корношоям ва таъмирталаб будани қисми зиёди компютерҳо, садамавӣ будани биноҳои даҳ муассисаи таълимӣ, таъмин набудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ аз ҷумлаи норасоиҳо мебошанд.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дуюним соли минбаъда бунёди 74 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз шумораи умумии онҳо то ба ҳол сохтмони 8-тои он — бинои суди ноҳия, кӯдакистон, маркази технологӣ дар назди муассисаи таълимии №17, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Капалӣ, қисмати аввали мумфарш ва чароғон намудани кӯчаҳои маркази ноҳия, маҷмааи тиҷоратӣ дар бозори марказӣ, бинои маъмурии шабакаҳои барқи ноҳия ба анҷом расидааст. Ҳоло дар панҷ майдончаи варзишӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз 74 иншооти ҷашнӣ 20 иншооти онро сохтмонҳои азим ташкил медиҳанд, ки бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату кумитаҳо ва буҷети маҳаллӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин, бо ҳиммати соҳибкорон 36 иншооти иҷтимоӣ бунёд меёбад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»