Аз нишастҳои матбуотӣ

Агентӣ 513 миллион сомониро барқарор кард

№26 (4922) 26.02.2025

3- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо каррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли 2024 дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 484 тафтишу санҷиш гузаронида, ба маблағи умумии 425, 7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд. Тавассути чораҳои андешидашуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 411,9 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст, — иттилоъ дод директори агентӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр шуд, ки аз ҳисоби таъини ҷаримаҳои маъмурӣ ва корҳои таҳқиқу тафтишотӣ ба буҷети давлат 87,9 миллион сомонӣ барқарор шудааст. Ҳамин тариқ, дар соли 2024 агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият 513 миллион сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 384 миллион сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 115,8 миллион сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад.

Дар ин давра воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 2323 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастаро нисбати 1180 нафар ошкор, тафтиши пешакии 728 парвандаи ҷиноятиро нисбати 948 нафар ба итмом расонида ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ баррасии саривақтии 3279 муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардидааст, ки бо 1651 адади он талаботи арзкунандагон қонеъ ва бо 1403 муроҷиат қарорҳои дахлдори қонунӣ қабул карда шуда, 169 муроҷиат бо сабаби бе ном буданашон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»