Нишасти матбуотӣ

Агентӣ масъалаи рақамикунониро оғоз намуд

№ 05.02.2025

- Дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 январи соли 2025-ум   836 ҳазору 690 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 167 ҳазору 108 нафар ва аз ҷумла, гурӯҳи якум — 17 965, гурӯҳи дуюм — 82 068, гурӯҳи сеюм — 33 041, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола-  34 034, маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 1945)  21 нафар ва шумораи  иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ 140 нафарро ташкил медиҳад,- хабар дод директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод зимни нишасти матбуотӣ.

Гуфта шуд, ки соли гузашта бинобар татбиқи  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2024 аз ҷониби агентӣ нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршуда бозҳисобӣ (индексатсия) карда шуд. Пас аз амалисозии  фармони мазкур андозаи нафақаи 775 008 нафар нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатию иҷтимоӣ мегирифтанд, мавриди бозҳисобӣ қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёнаи нафақаҳои суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ; нафақаи меҳнатии 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ; нафақаи иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар карда шуд.

- Агентӣ ҳоло тибқи имкониятҳои молиявӣ ва иқтидори меҳнатӣ масъалаи рақамикунонии соҳаро оғоз намудааст, ки ин иқдоми самаровар маҳсуб меёбад, — зикр кард А. Ҳалимзод.   

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

“Садои мардум”