Аз нишастҳои матбуотӣ

Агентии омор аз 8,5 дарсад афзудани ақди никоҳ иттилоъ дод

№22 (3816) 20.02.2018

0-02-05-a345c7895bf613d3690597f8092fc58b12499d579aaf0efd8719a69551d7f27c_full- Мақомоти омор соли 2017 Барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар наз­ди мақомот гузош­ташударо пурра иҷро намуда, дар маҷмӯъ 9,8 ҳазор кори омории банақшагирифташударо иҷро кард. Ҷиҳати ҷамъоварии маълумоти оморӣ аз фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ 13 таҳқиқоти интихобӣ гузаронида шуд, — изҳор дошт директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр шуд, ки дар доираи иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ барои солҳои 2016-2021» иқтидори серверҳои Агентӣ пурзӯр  карда шуд. Барои сари вақт ва босифат нашр намудани ҳисобот ва бюллетену маҷмӯаҳои оморӣ дар доираи лоиҳаи мазкур дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ гардид.

Маълум гардид, ки моҳҳои январ-декабри соли 2017 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 227,3 ҳазор кӯдаки навзод ва 32,8 ҳазор шахсони фавтидаро ба қайд гирифтааст. Коэффитсиенти таваллуд ва коэффитсиенти  умумии фавт аз рӯйи баҳодиҳии пешакӣ ба 1000 нафар аҳолӣ мутаносибан 25,7 ва 3,7 нафар рост омадааст. Бақайдгирии таваллуд нисбат ба як соли пеш 1,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 78,6 ҳазор никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 8,5 дарсад зиёд мебошад. Мутаассифона, талоқ низ афзоиш ёфта, ба 10052 адад расидааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»