АИД. Сифати таҳсил 59,7 ва азхудкунӣ 97,2% аст

№ 30.01.2025

Академияи Идопракуни Дав (2)Дар соли таҳсили 2024-2025 дар баробари ба тариқи тестӣ санҷидани савияи дониши донишҷӯёну магистрантон, ҳамзамон, тавассути иштирок дар машғулияти устодон ба сатҳи азхудкунии дониш ва фаъолияти омӯзгорон баҳо гузошта шуд. Зимни баҳогузорӣ маълум гардид, ки сифати таҳсил аз рӯйи шумораи донишҷӯёну магистрантон 59,7 ва азхудкунӣ 97,2 фоиз аст. Давр ин бора ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода 28-уми январи соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки соли 2024 бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 7 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, табодули донишҷӯён бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат 31 нафарро ташкил додааст.

- Дар самти ба анҷом расонидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳавасмандгардонӣ дар академия барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 10 ҳазор сомонӣ ва рисолаи докторӣ 15 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст, — афзуд Д. Сафарзода.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»