Аз нишастҳои матбуотӣ

Ғайримақсаднок истифода шудани 653 ҳазор сомонӣ ошкор гардид

№99 (4839) 14.08.2024

4- Дар нимсолаи аввали соли 2024 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 208,1 миллиону сомонӣ муқаррар гардида, нисбат ба нақша 12,4 миллион сомонӣ зиёд ворид гардид, — гуфт сардори раёсати молияи минтақаи Кӯлоб Маъруф Ҷаъфарзода 25-уми июли соли 2024 зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр шуд, ки нақшаи буҷети маҳаллии шаҳри Кӯлоб 105 фоиз, ноҳияҳои Восеъ — 102, Ҳамадонӣ — 102, Фархор — 113, Темурмалик — 105, Ховалинг — 100, Муъминобод — 110 ва Шамсиддин Шоҳин 121 фоиз иҷро гардид.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 265,7 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гардид, ки ба шаҳри Кӯлоб 37 миллион сомонӣ, ноҳияҳои Восеъ — 57, Ҳамадонӣ — 34,9, Фархор — 39,5, Муъминобод — 34,8 ва Шамсиддин Шоҳин 27,7 миллион сомонӣ рост меояд.

Инчунин, аз буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 40,8 миллион сомонӣ маблағи мақсаднок ҷудо гардидааст.

Иттилоъ гирифтем, ки дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар 81 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ санҷиш гузаронида, ғайримақсаднок истифода бурдани 653,6 ҳазор сомонӣ ошкор ва аз ин 350,6 ҳазор сомонӣ барқарор гардидааст.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»