Аз нишастҳои матбуотӣ

Аксар муроҷиатҳо ба таъмини баробарарзишии ҳуҷҷатҳо алоқаманданд

№93 (4199) 04.08.2020

DSC_6990Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Шоҳин бисту нуҳуми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 3884 муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ бо фарогирии 2033900 хонанда фаъолият менамояд ва сол ба сол зиёд гардидани шумораи муассисаҳои таълимӣ зарурати аттестатсия, аккредитатсия ва баҳогузории маҷмӯӣ дар фаъолияти онҳоро пеш овардааст.

- Агентӣ дар шаш моҳи фаъолият 16 муассисаи таълимиро аз аттестатсия гузаронд, ки 45,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, — иброз дошт ӯ ва афзуд: — Тибқи нақша бояд аттестатсияи 35 муассисаи таълимӣ сурат мегирифт, вале коронавирус ва ҷорӣ шудани таътили муваққатӣ ба ин имкон надод.

Зикр гардид, ки яке аз шаклҳои дигари хизмат­расонӣ дар фаъолияти Агентӣ эътироф ва муайян намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилотии давлатҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар шаш моҳи аввали соли 2020 барои таъмини баробарарзишӣ 659 ҳуҷҷати таҳсилот (диплом, аттестат, маълумотномаи академӣ ва табели баҳо), инчунин, 6 мактуб ворид гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №1430 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Мақсад аз таъсиси он ҳамчун ниҳоди назоратии мустақил дар соҳаи маориф ва илм муайян кардани камбуду норасоиҳои ҷойдошта ва барои пешгирӣ, ошкор ва бартараф кардани онҳо ба мақомоти дахлдор маълумот пешниҳод кардан мебошад. Инчунин, он метавонад шӯрои машваратӣ ва комиссияву гурӯҳҳо таъсис дода, мониторинги сифати таҳсилот ва рейтинги муассисаҳои таълимиро муайян намояд. 

М. УСМОН,

«Садои мардум»