Аз нишастҳои матбуотӣ

Аксияҳои экологӣ — омили покшавии муҳит

№98 (4681) 04.08.2023

МУХИТИ ЗИСТ (1)Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зис­ти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Баҳодур Шерализода зимни нишасти матбуотӣ 31- уми июли соли равон иброз намуд, ки бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои об ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», тибқи фармоишҳои  кумита дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 744 маротиба аксияи «Тозагии соҳил», 736  аксияи «Тозагии маҳал» ва 500  аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Баргузории аксияҳои экологӣ омили покшавии муҳити зист буда, сол то сол сафи иштирокчиёни он меафзояд.

Дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 722 ҳазору 190 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишию мевадиҳанда шинонида шуд, ки 102 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Нашъунамои ниҳолҳо қаноатбахш буда, шахсони мутасаддӣ обёрию нигоҳубини дарахту буттаҳоро хуб ба роҳ мондаанд.

- Бо мақсади пешгирии нақзи қонун дар ин давра 560 санҷиши нақшавӣ, 8304 амалиёти назоратӣ ва санҷишҳои фаврии муштарак гузаронида шуд. Масъулон дар самти назорати таҳлили ихроҷи моддаҳои заҳрнок ба атмосфера дар 84 иншооти фаъолияти хоҷагидорӣ ченкуниҳои инструменталӣ гузаронида, протоколҳои ташхисӣ тартиб доданд,- иброз намуд Б. Шерализода.

Айни замон дар самти обуҳавошиносӣ 54 стансия ва 98 дидбонгоҳи обченкунӣ фаъоланд. Тайи 6 моҳи аввали соли равон 180 пешгӯии якшабонарӯзӣ бо дурустии 93 дарсад ва 120 пешгӯии 2- 5 шабонарӯзӣ бо  дурустии 93 дарсад тартиб дода шуда, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 3 ва 4 дарсад зиёд мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳолати зуҳуроти тарма зиёд ба қайд гирифта шуд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»