Буҳрони ҷаҳонӣ, ки фарогири соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт гардид, ба вазъи молиявии дар донишгоҳ низ бетаъсир намонд. Мо дар ин самт, — изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Муъминҷон Шарифзода, — пардохти маблағи шартномаро осонтар, яъне давра ба давра кардем. Акнун донишҷўй имкон пайдо мекунад, ки маблағи шартномаро яклухт не, балки марҳила ба марҳила пардохт намояд. Мутаассифона, мо имкон надорем, ки ба иллати буҳрони иқтисодӣ миқдори маблағи шартномаҳоро кам кунем.
Ин посухе буд ба саволгузориҳои аҳли нишаст дар ин мавзўъ. Аксари саволҳои рўзноманигоронро вазъи касбомўзӣ истифодаи технологияи муосир тавъамии назария ва амалия дар фаъолияти рўзмарраи донишҷўён ташкил медод.
Яке аз самтҳои фаъолияти назарраси донишгоҳ рушди ҳамкорӣ ва табодули донишҷўёну омўзгорон бо 60 донишгоҳи ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Шветсия, Италия, Полша, Украина, Қазоқистон, Россия, Чин, Беларус дар доираи мубодила ва таълим дар донишгоҳҳои ин кишварҳо сурат гирифта, ба тарбияи мутахассисони баландихтисос шароит фароҳам меорад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»