Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳалокати 14 нафар бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ

№94 (4834) 29.07.2024

ГеологДар шаш моҳи аввали соли 2024 дар корхонаву иншоот 18 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 14 нафар ҳалок ва 6 кас ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин, надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.

Ин нуктаро сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим 23-юми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, дар хадамоти мазкур дар давраи мавриди назар 3299 корхона ва 14275 иншоот ба қайд гирифта, 160 назорати техникӣ гузаронда шуд, ки аз он 144 назорати нақшавӣ ва 16 назорати ғайринақшавӣ мебошад.

Иттилоъ гирифтем, ки дар ин давра 180 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайд­гирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 792232 сомонӣ ҷарима шуданд. Дар ин давра ба корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда 77 иҷозатномаи фаъолият дода шудааст.

Ш. СОЛЕҲ,

«Садои мардум»