Бисту шашуми июли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори муассиса Тоирхон Амиршозода изҳор дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Балҷувон ва Муъминобод бо ширкатҳои дорусозӣ ҳамкориро ба роҳ монда, 1,3 тонна гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намуданд.
- Хоҷагидорон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 157,8 гектар ҷангал бунёд ва 597,6 гектар ҷангалзорро барқарор карданд, — афзуд номбурда.
Зикр шуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти кормандони хоҷагии ҷангал муҳофизати ҷангал ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳа мебошад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 222 санад ба маблағи 85 ҳазору 345 сомонӣ тартиб дода, дар ин замина ашхоси муҷрим 85345 сомонӣ ҷарима шуданд. Аз ин 186 санад ба буриши худсаронаи ҷангал, 40 санад ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои шифобахш, 11 санад чорвочаронии худсарона ва 6 санад ба шикори ғайриқонунии ҳайвоноту парандагон рост меояд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»