Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъоварии андоз аз нақша зиёд иҷро шуд

№ 15.08.2023

1024719881_0_147_2819_1733_1920x0_80_0_0_cf17738ea29dc61b7868d8b8eb80b26214-уми августи соли ҷорӣ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор кард.

- Дар натиҷаи рушди иқтисодиёт ва тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 8 млрд. 510,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 594 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода.

Номбурда афзуд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба пешбинишуда 411,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ин давра бақияи қарзи андозҳо дар маҷмӯъ 764,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ 36,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии зиёдшавӣ ва тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андоз­супорандагони қарздор 9 ҳазору 400 адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 532,1 млн. сомонӣ қабул гардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 486 млн. сомонӣ ворид гардид. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 49,4 млн. сомонӣ зиёд аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 11 ҳазор ҳолати ҳуқуқувайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 185,3 миллион сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардид.

Вобаста ба ин, ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 172,6 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,6 миллион зиёд сомонӣ мебошад.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»