Дар ин бора сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Самандар Мисайнов иттилоъ дод. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ шаш ярмаркаи ҷойҳои холии кор гузаронида, 96 нафар бо кор таъмин шуданд. Ҳамзамон, 541 нафар соҳиби кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ гаштаанд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон 133 шаҳрванд оид ба гирифтани кумакпулӣ барои бекорӣ муроҷиат намуданд, ки аз ин 127 ҷавони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргашта ва 5 шахси аз муассисаҳои адои ҷазои ҷиноӣ озодшуда мебошанд. Инчунин, 241 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат ва 68 кас ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардиданд.
Дар ин давра ба 117 нафар 109 ҳазору 200 сомонӣ кумакпулӣ пардохт шуд.
- Ба ғайр аз ин, ба 18 бекор 70 ҳазору 700 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд, ки онҳо ҳоло ба соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд, — гуфт Самандар Мисайнов.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»