Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Нурулло Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 кишоварзони ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 1 млрд. 787,5 млн. сомонӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2023-юм 168,9 млн. сомонӣ зиёд аст.
Зикр гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ аз ҷумла, ғалладонагӣ 63282,6 тонна, пахта — 5758,2, картошка — 9400,0, сабзавот- 108163,1, полезӣ — 39893,1, мева — 12675,9, ангур — 1386,7, гӯшт — 10569,8, шир — 2553,6, пилла — 3,1, асал — 38,3 ва моҳӣ 554,7 тоннаро ташкил дод.
Аз ноҳия 2162 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки 100,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. То 1-уми январи соли 2025 дар майдони 5471 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 107 фоизи нақша аст.
Зикр гардид, ки дар ноҳия 77 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 18 корхона фаъолият накардааст. Соли 2024 дар ноҳия 5 коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 26 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёди 380 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 280 иншоот ё 73,6 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шуданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»