Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳамидуллохон Фақеров: «ДДТТ ба даҳгонаи беҳтарин шомил шуд»

№90 (3884) 26.07.2018

DSC_9230- Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯйи 36 нишондод муайян намуд. Мувофиқи он, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикис­тон дар байни зиёда аз 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷойи ҳафтумро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид, — гуфт дар нишасти матбуотӣ ректори он Ҳамидуллохон Фақеров, ки 19 июли соли равон баргузор гардид.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикис­тон дорои донишкада, литсей, 4 факултети рӯзона, шуъбаи омӯзиши ғоибона, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад. Номбурда таъкид кард, ки ДДТТ дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, ба низоми таҳсилоти фосилавӣ рӯ овард.

Натиҷаи сессияи тобистона низ қаноатбахш аст. Аз 2224 донишҷӯ 2049 нафар пурра онро супориданд. Профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, сиёсӣ ва озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳриву ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Озмунҳои «Беҳтарин хонандаи китобҳои Пешвои миллат», «Забондони беҳтарин», «Симои оянда», «Беҳтарин донандаи техника ва технологияи муосири таълимӣ», «Донишҷӯйи беҳтарини сол», фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Маҳфили зарифон», намоиши маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» аз ин қабил чорабиниҳо мебошанд.

Ҳамидуллохон Фақеров иброз дошт, ки донишгоҳ бо чанд муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Гранадаи Испания, Кадизи Испания, Каратегини Туркия, Донишгоҳи нақлиёти шаҳри Ланджоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Донишгоҳи аграрии шаҳри Алмаатои Қазоқистон, Мактаби олии иқтисодии шаҳри Перми Федератсияи Россия ва ғайра шартномаи дуҷониба ба имзо расонидааст.

Ворис, «Садои мардум»