Соли 2023 олимони Академияи миллии илмҳо 30 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 қарори мусбат оид ба патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварданд. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Барои истифода дар истеҳсолот 30 натиҷаи илмӣ ва тавсияҳои олимони академия ба корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод шуд. Муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ дар асоси шартнома 15 фармоиши вазорату идораҳои гуногунро иҷро карданд, — афзуд Қ. Хушвахтзода.
Иттилоъ гирифтем, ки олимон дар самти омӯзиши пиряхҳо натиҷаҳои нави илмӣ ба даст оварданд. Ҳоло барои омӯзиши пиряхҳо аз навтарин технология истифода мешавад. Соли гузашта бо истифода аз технологияҳои муосири таҳқиқоти фосилавӣ нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёҳои Зарафшон ва Кофарниҳон муайян гардид.
Дар соҳаи физика бори аввал хокаҳои нанокристаллӣ ва наноплёнкаҳо дар асоси сезий барои лавҳаҳои офтобии нав истеҳсол шуданд.
Олимони соҳаи геология дар майдони Шоҳдара минерали нодири скандийдор-ниобохефтетернит кашф намуданд, ки ин таҷрибаи дуюм дар дунё арзёбӣ мешавад. Дар мавзеи Кӯҳи Малик менерали нав кашф ва «Сарводаит» номгузорӣ шуд.
Муҳаққиқони соҳаи ботаника солҳои 2020-2023-юм 21 намуди нави обсабзаҳои сабзро дар минтақаи зериобмондаи обанбори «Роғун» кашф карданд.
Н. ТИЛЛО,
«Садои мардум»