Ҳамкории ДСРТ бо донишгоҳҳои Аврупову Россия беҳтар мегардад

№18 (4758) 07.02.2024

rectorЯкуми феврали соли 2024 дар Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Бино ба гуфти ректори донишгоҳ Машраб Қурбоналӣ, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ соли сипаришударо бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудаанд. Пеш аз ҳама, диққати хоса ба таълиму тарбияи донишҷӯён, унвонҷӯён ва шароити зисту таълим равона шуда буд.

Ҳамкории ДСРТ бо донишгоҳҳои Аврупо, Университети техникии Дрезден, Университети Даучавпилский, Университети федералии Урал, Университети миллии авруосиёии Қазоқистон ва ғайра натиҷаи хуб дода, 50 нафар донишҷӯ дар онҳо таҳсил доранд.

Талаботи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба журналистони русзабонро ба назар гирифта, донишгоҳ ният дорад, ки факултети журналистика ташкил намояд. Алҳол 17 донишҷӯи кафедраи журналистика дар Университети техникии Дрезден таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ менамоянд.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»