Аз нишастҳои матбуотӣ

Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ – меҳвари мавзӯъҳои пажӯҳишии МТС

№№ 97 (4517) 05.08.2022

5- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизми татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фаъолият менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ панҷ суҳбати мизи гирд, ду семинар, ду конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ду конфронси илмиву амалии байналмилалиро баргузор намуд, — гуфт директори марказ Хайриддин Усмонзода зимни нишасти хабарӣ, ки 28 июли соли ҷорӣ доир гардид.

Дар зарфи 6 моҳ кормандони марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, суҳбатҳои гирди миз, 13 маърӯза ва беш аз 52 маротиба дар воситаҳои ахбори омма суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, онҳо дар кон­фронсҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд, 10 конфронси илмиву амалии байналмилалӣ, ду конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, ду ҷаласаи байналмилалии коршиносон иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 тибқи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ, таҳқиқот аз рӯи мавзӯъҳои «Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он», «Роҳҳои баланд бардоштани амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодии Тоҷикистон», «Мониторинги амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва «Технологияи сиёсии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма» гузаронида шудааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»