Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ҳафтуми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки 3000 корманди бонк ба 23 ҳазор корхонаю ташкилот, 771 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 миллион амонатгузор тавассути 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ хизмат расонида истодаанд.
Соли сипаришуда дороиҳои бонк 4437,7 миллион сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк 3861,9 миллион сомониро ташкил дод. Пардохтпазирии бонк низ дар сатҳи баланд қарор дошта, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Сармояи бонк ба 575,5 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2020 — ум 25,7 фоиз зиёд мебошад.
Фоидаи софи бонк 66,2 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 29,1 фоиз афзудааст. Бонк 110 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки дар қиёс ба соли 2020- ум 13,7 миллион сомонӣ ва ё 14,2 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади рушди хизматрасониҳои ғайринақдӣ, бонк 667 нуқтаи қабули маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ ва 358 нуқтаи қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро фаъол намуда, 631 постерминалро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намуд. Дар робита ба ин масъала зикр шуд, ки филиалҳои бонк 2,4 миллиард сомонӣ маблағи хизматрасониҳои коммуналиро қабул намуданд, ки нисбат ба соли 2020 — ум 14,2 фоиз зиёд мебошад.
Навгонии дигар он аст, ки «Амонатбонк» 16 адад ташкилоти қарзиро ба низоми биллингӣ пайваст намуд. Дар ин замина имкон фароҳам омад, ки ташкилотҳои мазкур тавассути корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк аз муштариён маблағи истифодаи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳандаро қабул намоянд.
Бонк дар самти ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ низ комёб буда, онҳо дар маҷмӯъ 3,2 миллиард сомониро ташкил медиҳанд. Зимни шарҳи ин ҷанба зикр шуд, ки пасандозҳои аҳолӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ расиданд, ки дар муқоиса ба соли 2020 — ум 5,3 фоиз зиёд мебошад.
Баҳри фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва истиқболи шоистаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ низ бонк фаъолияти қобили мулоҳиза дошта, қарзҳои имтиёзнокро зери унвони «Кишоварз», «Дониш — 2021», «Истиқлол — 30» ва «Орзуҳои солинавӣ» таҳти 18 то 20 фоизи солона пешниҳод намуд.
Қарзҳои додаи бонк ба соҳаҳои саноат 21,6 фоиз, кишоварзӣ -11,4, истеъмолӣ — 31,9 , сохтмон — 10,3, тиҷорат — 17,5, нақлиёт — 3,7 ва дигар намуди хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 3,6 фоиз рост меояд.
Шумораи дорандагони кортҳои пардохти бонкӣ ба 1 миллиону 463 ҳазор нафар расида, бо мақсади дастрасии бештар ба хизматрасониҳо 233 адад ё 43 фоизи марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба минтақаҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас, аз ҷумла шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо, кӯчонида шуд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»