Раиси Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар давоми соли 2019 сармояи бонк 8,1 фоиз афзуд ва даромади соф 42 млн. сомониро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2018-ум 16,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар давоми сол аз тариқи кортҳои пардохтии «Амонатбонк» 7,7 миллиард сомонӣ мубодила ва ба амонатгузорон 101 миллион сомонӣ ҳамчун фоиз дастрас шуд.
Мавсуф афзуд, ки «Амонатбонк» дар ғановати Буҷети давлатӣ низ саҳмгузор аст. Аз ҷумла, соли сипаригашта 80,6 млн. сомонӣ андозу маблағи дигар уҳдадориҳоро ба буҷет пардохт намуд. Агар ин нишондиҳандаро низ қиёс кунем, нисбат ба соли қаблӣ 28,6 млн. сомонӣ ё 55 фоиз зиёд мебошад.
Бақияи пасандози шахсони ҳуқуқию воқеӣ то 31 декабри соли гузашта 3,4 млрд. сомониро ташкил дод ва бояд гуфт, ки бонк аз рӯи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз пешсафон аст. Бақияи пасандозҳои аҳолӣ ба 1,5 млрд. сомонӣ расид, ки 44 дарсади ҳаҷми умумии амонатҳоро ташкил медиҳад.
Дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба иқтисодиёти кишвар 65,7 млн. доллари ИМА ҷалб гардид.
Дар давраи мавриди назар бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меъёри фоизи қарзҳои ба ин самтҳо пешниҳодшаванда 2 банди фоизӣ паст карда шуд. Илова бар ин, пешниҳоди қарзҳои изофабардошт (овердрафтӣ) тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва тартиби пешниҳод сода, муҳлати истифодаи он то 60 рӯз тамдид гардид.
Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии муштариён, бахусус, саҳмгузорӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна, ҳаҷми қарзҳои хурди судманд, ки қаблан то 5 ҳазор сомонӣ бе гарав, таҳти замонати шахси сеюм пешниҳод мегардид, 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд.
Дар маҷмӯъ, соли 2019 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 40 ҳазор нафар ба маблағи 675,3 млн. сомонӣ қарз пешниҳод гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 73,1 фоиз зиёд аст.
Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба зиёда аз 1 миллиону 668 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса ба соли 2018-ум 177 ҳазор нафар ё 11,9 фоиз зиёд мебошад.
Бо ибтикори раиси Раёсат ҷиҳати ҳар чӣ зудтар баррасӣ намудани пешниҳод, арзу шикоят ва дигар масъалаҳо дар шабакаи иҷтимоии «Telegramm» суроғаи «Murojiat – bonk» фаъол гардонда шудааст. Ба ғайр аз ин, Маркази тамос низ дар дастгоҳи марказии бонк таъсис ёфтааст ва муштариён метавонанд бо рақами кӯтоҳкардашудаи «1885» барои ҳалли мушкилоти худ муроҷиат намоянд.
Қобили ёдоварист, ки дар соли 2019 «Амонатбонк» дар асоси қарори ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз андозсупорандагони беҳтарин эътироф шудааст. Ҳамчунин, бо дипломи дараҷаи 1 ва Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидани бонкро метавон идомаи мантиқии комёбиҳои ин муассисаи молиявӣ номид.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»