Аз нишастҳои матбуотӣ

«Амонатбонк». Маркази тамос — тавсеабахши равобит

№20 (4282) 13.02.2021

DSC_2075Дар нишасти матбуотии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк»  журналистон ба пардохтпазирии бонк, сатҳу сифати пешниҳоди қарз, касбияту масъулиятшиносии кормандон, равобити байналмилалӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

    Раиси бонк Сироҷиддин Икромӣ фаъолияти яксоларо  бо  далелу рақамҳо шарҳу тавзеҳ дод. Бо истинод ба он метавон хулоса кард, ки дар ҳама самти фаъолият дастовардҳо назаррасанд.

Иттилоъ дода шуд, ки  бо вуҷуди мушкилоти соли сипаригашта,  пардохтпазирӣ  дар сатҳи баланд қарор дошта, маб­лағҳои пешбинишуда сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор  гузаронида шуданд.  Дороии «Амонатбонк» афзуда,  4,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли пеш 19,4  фоиз беш аст.

Илова бар ин,  соли гузашта сармояи «Амонатбонк» 6,8 фоиз  афзоиш ёфта,  ба 458 миллион сомонӣ  баробар шуд. Даромади софи бонк 51,3 миллион сомониро ташкил дода,  дар муқоиса ба соли 2019-ум  22 фоиз зиёд гардид.

  Раиси «Амонатбонк» гуфт, ки бонк соли 2020  ба буҷети давлатӣ  96,3  миллион сомонӣ  андоз пардохт намуд. Ин нишондиҳанда низ  дар қиёс ба соли 2019-ум  15,7 миллион сомонӣ (19,5 фоиз) зиёд аст.

Бо мақсади тавсеаи равобити бонк бо мизоҷон Маркази тамос таъсис ёфта,  се корманди он шабонарӯзӣ ба дархосту саволҳои шаҳрвандон посух медиҳанд.

- Дар оянда тасмим дорем, ки теъдоди кормандони марказро ба 10 нафар расонем, — афзуд Сироҷиддин Икромӣ.

Қобили зикр аст, ки  «Амонатбонк»  яке аз бонкҳои низомсози кишвар ба ҳисоб рафта, ба 22 ҳазор корхонаю  ташкилот, 750 ҳазор нафақагири  мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва беш аз 1,7 миллион пасандозгузор  аз тариқи 75 филиал ва 546  марказ дар сатҳи хубу сифати баланд хизмат мерасонад.

Далери АБДУЛЛО,

«Садои мардум»