Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед Аҳмадзода: «239 санҷиш 207 камбудиро ошкор кард»

№90 (4040) 25.07.2019

Сахтумон ва Меъмори1 (1)- Айни замон аз таҳияи нақшаи генералии 58 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расидааст ва вобаста ба онҳо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, — гуфт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 9 июл баргузор шуд.

Номбурда афзуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ ­Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис ёфтааст, ки барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талабот ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои онҳо тавсияҳо медиҳад. Дар натиҷаи тадқиқоти комиссия 63 лоиҳа, бо дарназардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот барои такмил баргардонида шуд.

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ 60 ­лоиҳаи ангоравии иншооти таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, маданӣ ва маишӣ таҳия гардид, ки дар сомонаи кумита метавон бо онҳо  шинос шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооте, ки истифодаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, зери назорат қарор доранд. Дар ин робита, санҷишҳо гузаронида шуд ва маълумоти муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Бино ба гуфти Ҷамшед Аҳмадзода, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон дар якҷо бо намояндагони Раёсати назорати техникии ҶСК «НБО Роғун» дар НБО «Роғун» 239 санҷиш гузаронида, 207 камбудиро ошкор намудаанд.

Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»