Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед ТАБАРЗОДА: «110 лоиҳаи инвеститсионӣ омода аст»

№92 (4198) 31.07.2020

Джамшед Табарзода глава ЖКХКорхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 94 миллиону 724, 7 ҳазор сомонӣ хизмати коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 6 миллиону 420,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 107,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода 27 июл дар нишасти матбуотӣ гузориш дод.

Номбурда, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маб­лағи 36 миллиону 417,7 ҳазор сомонӣ корҳои коммуналиро иҷро намуданд.

Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» барои русто ва чарогоҳҳои ҷумҳурӣ 6 миллиону 300 ҳазор метри кубӣ об интиқол дод, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Бо мақсади бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии ниёзманди ҷумҳурӣ муассисаи зикршуда 110 лоиҳаи сармоягузориро таҳия карда, ба вазорату идораҳои дахлдор барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ пешниҳод намуд.

Табарзода Ҷамшед Авзал таъкид кард, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа, аз ҷумла, обтаъминкунӣ сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷалб гардид. Ин кор дар доираи татбиқи се лоиҳаи инвеститсионӣ — «Барқарорсозии системаи обтаъмикунии шаҳрҳои Шимол — 1», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон марҳилаи 2» ва «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол-2» амалӣ мешавад.

Барои сохтмон, барқарорсозӣ ва рушди соҳа аз ҳисоби буҷет 26, 5 миллион сомонӣ ҷудо шуда, хизматрасонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 5,6 фоиз афзоиш ёфт.

Роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари вақт амалӣ созанд, — гуфт дар фарҷом Ҷамшед Табарзода.

ВОРИС,

«Садои мардум»