Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳангоми риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 87 нафар ғарқ шуданд

№99 (4682) 07.08.2023

КХФ4-уми августи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иброз дошт, ки дар зарфи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 475 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуд.

Аз шумораи зикргардида 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонид. Бар асари офатҳои табиӣ 39 нафар шаҳрванди кишвар ҷони худро аз даст доданд. Аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 28 хона пурра, 73 хона қисман, 369 иншооти ёрирасон, 4 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 6 пул, 2916,1 гектар замини кишт ва 404 километр роҳи мошингард хароб гардид.

Сарфи назар аз рейдҳои пайваста, дидору мулоқоти кормандону мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо сокинон, муроҷиат аз тариқи телевизион, радио ва сомонаи кумита мутаассифона, дар иншооти обии кишвар одамон ҳангоми риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар вақти оббозӣ ба ҳалокат расиданд.

- Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар рӯду кӯлҳо ва каналҳои ҷумҳурӣ 87 нафар ҷон бохтанд. Аз шумораи ғарқшудагон 46 нафарашон кӯдакону наврасони то 16- сола ва 41 нафар аз 17- сола боло буданд, — гуфт Рустам Назарзода.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисос аз ҳисоби афсарони амалкунанда ва омӯзиш додани курсантҳо онҳо дар муассисаҳои олии омӯзишӣ дар хориҷ ва дохили мамлакат таҳсил мекунанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар байни аҳолӣ чорабиниҳои зерин гузаронида шуданд: 18 машқи маҷмӯии мудофиаи шаҳрвандӣ, 62 машқи фармондеҳӣ — ситодӣ, 57 машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ, 53 омӯзиши ситодӣ, 163 омӯзиши ғайринақшавӣ.

Ҳамчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат як силсила тамрину омӯзишҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор карда шуданд.

Ҳ. РАҲМОНАЛӢ, 

«Садои мардум»