Аз нишастҳои матбуотӣ

Қаноатмандӣ аз фаъолияти журналистон

№88 (4194) 21.07.2020

Маориф (5)Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 июл баргузор гардид, фаъолияти шашмоҳа баррасӣ шуд. Зикр шуд, ки дар ин давра сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тибқи пешниҳоди раёсату шуъбаҳои маориф ҷамъбаст гардида, сифати таҳсилот ба 50,6 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 97, 5 фоиз баробар шуд.

Вазири маориф ва илм Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ таъкид намуд, ки бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус (COVID-19) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколҳои ситоди ҷумҳуриявӣ тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуда, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм бе иштироки хонандагон дар асоси баҳои солона баргузор шуд.

Нақшаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ дар соли 2020-ум 10396 компютер буда, соли равон 2788-то харидорӣ шуд. Маълум гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 70058 компютер мавриди истифода қарор дорад.

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ 23 олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ амал менамоянд, ки дар онҳо аз рӯи 13 фанни таълимӣ 945 хонанда иштирок намуда, 343 нафар сазовори ҷои ифтихорӣ ( 53 медали тилло, 92 медали нуқра ва 198 медали биринҷӣ) гардиданд. Хонандагони кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Дар охир Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ аз фаъолияти журналистон дар инъикоси кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори қаноатмандӣ намуд.

ВОРИС,  

«Садои мардум»